Редаксия супориш дод: Кастет хар!
Тўли 1 моњи ахир аксари ҷиноятҳое, ки миёни љавонон сар мезанад, бо истифода аз силоҳи сард (холодное оружие) анҷом дода мешаванд. Фикр мекунам, ки ҷавонони мо филмњои њоливудиро бештар тамошо карда, баъзе сањнањои даст ба љиноят задани ќањрамонњоро дида, ба худ ҳамчун 1 намуна қарор дода,  корду кастету дубинка гирифта мегарданд. Таҳлилҳо нишон дод, афроде, ки бо худ силоҳи сард мегардонанд онњоро дар хурдтарин  муноқиша ва нофаҳмиҳои лафзї истифода мекунанд. Натиљааш-панљара ва њаёти сўхта


Мусодираи 66 силоњи сард
    Чуноне ки ба мо дар маркази матбуоти РВКД ЉТ дар ш.Душанбе хабар доданд, баҳри пешгирї намудани чунин ҷиноят тўли моњи ахир амалиёти Корд роҳандозї шудааст, ки аз оғози фаъолияташ то инҷониб 5 марҳиларо дар бар мегирад. Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати он нафароне, ки дар рафти амалиёт боздошт ва аз онҳо чунин силоҳҳо дарёфту мусодира карда шудааст, чораҳои таъсиррасони қонунӣ, аз ҷумла ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ва  ҷарима татбиқ мегардад. Барои зоҳир намудани бепарвоӣ дар таълиму тарбияи фарзандон тибқи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд 12 волидайн протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Барои бо худ гардонидани корд 14 ҷавон ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ гирифт.

Амалиёти «Корд» кордфурўшонро гурезонд!
    Дар навору аксњои хабарї дида мешавад, ки ҷинояткорон пас аз амали нопоки худ, ба дасти милитсия афтода, аз онҳо корду кастет ва дубинкаҳо мусодира мешавад. Дар инҷо саволе ба миён меояд, ки чунин олотро аз куҷо дастрас менамояндБо супориши редаксия мо барои муайян намудани нуқтаҳои фуруши силоҳҳои сард ва муайян намудани нуќтањои таќсимоти онњо ба кўча баромадем. То ҷое ки мо маълумот доштем, дар чанд нуқтаҳои бозори Корвон ва Саховат имкони дастрасии чунин силоҳ барои мардум муҳайё буд.
     12.12.2019. Соат ба вақти Душанбе 10:40 дақиқа. Барои аниқтар кардани макони фурӯши олотҳои чун силоҳ истифодашаванда ба дўконҳои гирду атрофи «Саховат» ва «Корвон» рафтем. Ман медонистам ва дида будам, ки дар ин нуќтањо озодона  кордҳои гуногуни кисагї ва якчанд намуди дубинка-ҳову кастет-ҳо ва дигар олоти ба ин монанд мефурўхтанд, лек ҳангоми ҳозир шудан ба нуқтаҳои мавҷуда аз он ҳама олот чизе несту паяшро низ пайдо кардан имконнопазир шудааст.
   Пасон аз 1 фурўшандае, ки нахост номаш ифшо гардад, пурсон шудем, ки Амакҷон, чаро шумо дигар кордҳои аҷоибу кастетҳои гуногунро намефурўшед?. Посухи фурӯшанда чунин буд: «Моҳи охир ба дўкони мо намояндагони суду прокуратура бо нозирони минтақавии бозор якљо омада, қисме аз ашёњои мефурухтаам аз қабили корд, кастет ва якчанд намуди дубинкаҳоро гирифта бурданд, баъдан корамонро то суд кашола карданду дар охир аз ман талаб намуданд, ки дигар чунин ашёро нафурўшам, зеро агар маротибаи 2-юм ба даст афтам, њатман њабс хоњам шуд…»
   Аз ин маълум шуд, ки сабаби дигар ѓайб задани корду кастету дубинкаАмалиёти корд-и милисањои пойтахт будааст. Зеро дар баробари пешгирии ҷинояту ҷинояткорї онњо роҳи асосии хариду фурўши силоњњои сардро  бастанд, ки њалолашон бод! Хуб мешуд агар назорати ин гуна дўконҳои силоҳи сардфурўшї пурра зери назорат гирифта шуда, пайваста корҳои фаҳмондадиҳї вобаста ба пешгирии хатари чунин силоҳ ба ҷавонон бештар ба роҳ монда шавад. Мо пайгири мавзўъем. Мо Метавонем!

Комментарии